Дар Суғд созмони ҳомии ҳуқуқи «Ампаро»-ро бастанианд

Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати барҳам додани Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро», ки ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машғул аст, бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард. Эътирози Раёсати адлия ба «Ампаро» аз риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз ҷониби сарвари созмон, бидуни қарори дахлдор тағйир додани суроғаи ҳуқуқӣ, […]

Наргис Ҳамробоева


Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати барҳам додани Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро», ки ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машғул аст, бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард.

Эътирози Раёсати адлия ба «Ампаро» аз риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз ҷониби сарвари созмон, бидуни қарори дахлдор тағйир додани суроғаи ҳуқуқӣ, аз қайди дубора нагузаштани созмон дар Раёсати адлия, ифтитоҳи сомонаи интернетии созмон бар хилофи Оиннома ва бидуни иҷозатнома ташкил кардани дарсҳо оид ба мавзӯи «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ» дар синфҳои 9-11-и макотиби таҳсилоти умумии ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров иборат аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси «Ампаро» Дилрабо Самадова дар робита ба ин масъала мегӯяд, Раёсати адлия мушаххасан амали ғайриқонунии роҳбари созмонро нисбати қонуншикании марбут ба Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» зикр накардааст ва ҳамчунин гузаштани қайди дубора дар Раёсати адлия ҳангоми тағйири суроғаи воқеӣ дар қонун пешбинӣ нашудааст.

Дар робита ба ифтитоҳи сомонаи созмон дар шабакаи Интернет номбурда гуфт, маҷлиси умумии созмон дар ин бора қарор қабул карда, сомона аз провайдер хостинг дастрас намуд. «Дар Оинномаи «Ампаро» гуфта мешавад, ки созмон ба паҳн кардани маълумот дар бораи фаъолияти худ ҳуқуқ дошта, дар қонунгузорӣ барои ифтитоҳи сомона гирифтани иҷозатнома пешбинӣ нагардидааст», – гуфт вай.

Дар шарҳи масъалаи баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ дар макотиби таҳсилоти умумӣ Самадова изҳор кард, ки «Ампаро» дар доираи фаъолияти худ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифтанокии ҳуқуқии даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам вохӯриҳои дусоата мегузаронад, ки онҳо дар шакли суолу посух сурат мегиранд. «Ин вохӯриҳо бо розигии хаттӣ ва дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва Вазорати маориф доир гардида, реҷаи баргузории чорабиниҳо, макон ва шумори иштирокчиён аз ҷониби ҷамоатҳо пешниҳод шуда буданд. Дар ин вохӯриҳо ба иштирокчиён гувоҳнома дода намешавад», – таъкид кард раиси ассотсиатсия.

Дар идома Дилрабо Самадова изҳор кард, ки ахиран як зумра аз намояндагони мақомоти давлатӣ бо ҳар роҳу воситае мекӯшанд, то ба фаъолияти созмони ҳуқуқии ҷавонон монеа эҷод созанд. «Қабл аз ин фишор ба созмони мо дар шакли рад кардани баргузории чорабиниҳои маърифатӣ миёни ҷавонон, санҷишҳо аз ҷониби мақомоти гуногун ва ғайра ифода мегардид. Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ ба Вазорати адлия ҷиҳати ба макоми иттиҳодияи ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ соҳиб шудан, бо баҳонаи баста шудани созмон қабули онро рад карданд, вале пас аз ишораи то ҳанӯз дар ин бора мавҷуд набудани қарори суд, ҳуҷҷатҳои таъсисотии «Ампаро» барои қайди дубора пазируфта шуданд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар робита ба ин масъала ахири моҳи июл созмон ба унвони Дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати адлия, мудофиа, маориф, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ ва раиси вилояти Суғд изҳорот ирсол намуда, вале то ҳанӯз аз ҳеҷ кадоме аз ин мақомот посух нагирифтааст.

Раиси «Ампаро» афзуд, онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба фаъолияти худ хотима бахшиданӣ нестанд. «Мо фаъолияти худ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсонро идома дода, ният дорем, ки нисбат ба амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти адлия шикоят барем», – илова кард Д.Самадова.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.