Боздошти ду нафар гумонбарони қатли язнаи президент

Дар Душанбе ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсари хоҳари президент – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафаров ду нафар боздошт шуданд. Бино ба маълумоти радиои «Озодӣ», инҳо бародарон Тоҳир ва Фозил Ҳакимовҳо мебошанд. Дар ҳамин ҳол, тавре як манбаъ ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар […]

Аваз Юлдошев


Дар Душанбе ба гумони даст доштан дар куштори ҳамсари хоҳари президент – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафаров ду нафар боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти радиои «Озодӣ», инҳо бародарон Тоҳир ва Фозил Ҳакимовҳо мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре як манбаъ ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дод, яке аз боздоштшудагон хеши наздик (язна)-и раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад будааст.

Ёдрас мекунем, ки Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди Тоҷикистон Д.К. дастгир шудааст. Ахири моҳи июл таппончае, ки аз он Х.Сафаров ба қатл расонида шуда буд, дарёфт гардид. ВКД бинобар сабаби ба ҷараёни тафтишот халал ворид насохтан, аз ифшои ному насаби ин боздоштшуда то ҳол худдорӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.