Тоҷикистон корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи «Роғун»-ро идома медиҳад

Чанде қабл зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден масоили ҳамкории ҷонибҳо дар баргузории баҳогузориҳои техникию иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии нерӯгоҳи «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот зикр гардид, ки Тоҷикистон тамоми чорабиниҳои заруриро барои идомаи ҳамкорӣ бо Бонки […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар ИМА Нуриддин Шамсов бо директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден масоили ҳамкории ҷонибҳо дар баргузории баҳогузориҳои техникию иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии нерӯгоҳи «Роғун» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот зикр гардид, ки Тоҷикистон тамоми чорабиниҳои заруриро барои идомаи ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт иҷро кардааст ва ба бандҳои шартномаҳои қаблан бо Бонки ҷаҳонӣ баимзорасида эҳтиром мегузорад. Дар баробари ин, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риояи талаботи Бонк ҷиҳати таъмини шаффофияти идоракунии корпоративӣ ва қоидаҳои амалкунандаи Бонки ҷаҳонӣ устувор мебошад.

Дипломати тоҷик таъкид кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур аз авлавиятҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳукумати кишвар маҳсуб гардида, бо мақсади баромадан аз бунбасти энергетикӣ, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ, махсусан дар фасли сармо, рушди бемайлони иқтисодии мамлакат ва кишварҳои минтақа буда, аз он ҷумла Афғонистон ва кишварҳои Осиёи ҷанубӣ муҳим ва зарур мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои барқарорсозиро тибқи мувофиқаи қаблӣ бо мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба даст оварда шуд, идома хоҳад дод.

Дар мулоқоти ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон, амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ матраҳ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.