Қатли донишҷӯйи тоҷик дар Миср барои телефони ҳамроҳ

Ахири ҳафтаи гузашта дар Қоҳираи Миср ба гумони даст доштан дар куштори донишҷӯйи тоҷик, ки дар Донишгоҳи ал-Азҳар таҳсил мекард, шаҳрванди Миср Карим Рамазон Аззуз боздошт шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Дарвози ВМКБ Ҳоҷӣ Амриддини 28-сола бо осори зиёди захмҳои корд дар яке аз шифохонаҳои Қоҳира […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта дар Қоҳираи Миср ба гумони даст доштан дар куштори донишҷӯйи тоҷик, ки дар Донишгоҳи ал-Азҳар таҳсил мекард, шаҳрванди Миср Карим Рамазон Аззуз боздошт шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Дарвози ВМКБ Ҳоҷӣ Амриддини 28-сола бо осори зиёди захмҳои корд дар яке аз шифохонаҳои Қоҳира бистарӣ гардида, пас аз як рӯз ба ҳалокат расидааст.

Ба қавли дӯстони ӯ, марҳум оиладор ва соҳиби ду фарзанд буда, донишҷӯйи соли аввали факултаи шариати исломии донишгоҳи зикршуда будааст.

Гуфта мешавад, қотил бо мақсади азхуд кардани телефони ҳамроҳ ба шаҳрванди Тоҷикистон дарафтодааст.

Мақомоти Миср қотилро тавассути телефони мобилии марҳум пайдо кардаанд, ки телефонро ба як савдогар фурӯхта будааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.