Хоруғ: Қурбонии ду тан бар асари тирпарронӣ дар посгоҳ

Рӯзи 10-уми август зимни хориҷ шудан аз шаҳри Хоруғ бар асари тирпарронии хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба сӯйи автомашина ду нафар ҳалок ва ду нафар захмӣ шуданд. Тавре хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ хабар дод, ин ҳодиса дар маҳаллаи Бидурди воқеъ дар назди нақб ба самти роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб ба вуқӯъ пайвастааст. Тавре […]

ASIA-Plus


Рӯзи 10-уми август зимни хориҷ шудан аз шаҳри Хоруғ бар асари тирпарронии хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба сӯйи автомашина ду нафар ҳалок ва ду нафар захмӣ шуданд.

Тавре хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ хабар дод, ин ҳодиса дар маҳаллаи Бидурди воқеъ дар назди нақб ба самти роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб ба вуқӯъ пайвастааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод, ронандаи автомашина ба огоҳӣдар бораи манъи нақлиёт дарҳол итоат накарда, мошинро каме пештар меронад ва сипас бозистода ба қафо баргаштанӣ мешавад. Ин вақт яке аз сарбозон ба сӯйи автомашина тир мепарронад, ки дар натиҷа донишҷӯйи 21-сола Воҳид Ҷуматбеков ба ҳалокат мерасад. Мусофирони дигар – корманди хадамоти гумрук Вафоназар Абдураҳимови 30-сола, Рашид Шодмонбекови 25-сола ва боз як зани дигар захмӣ шудаанд. Шоми рӯзи шанбе Р.Шодмонбеков дар бемористон фавтидааст.

Ба иттилои манбаъ, сарбозони тиркушода гумон кардаанд, ки дар автомашина маводи тарканда мавҷуд аст, лекин зимни кофтуков дар назди шоҳидон аз он ҳеҷ маводи таркандае дарёфт нашудааст. Аз рӯйи ин далел тафтишот бурда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, шоми рӯзи шанбе дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ гирдиҳамойии навбатӣ доир гардид.

Гирдиҳамомадагон аз ҳодисаи мазкур ва бар асари он ба ҳалокат расидани аҳолии осоиштаро маҳкум намуда, хурӯҷи қисмҳои низомӣ аз қаламрави шаҳри Хоруғ ва вилоятро тақозо карданд.

Намояндаи прокуратура изҳор кард, ки аз рӯйи далели тирпарронӣ ба нақлиёти мусофирбар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Дар ҳамин ҳол, дар ин қазия ӯ ронандаро барои дарҳол ба огоҳӣ итоат накардан ва идомаи ҳаракат гунаҳкор шуморид.

Аммо гуфтаҳои ӯро гирдиҳамомадагон қабул накарда, изҳор доштанд, ки сарбоз бояд аввал ба ҳаво тири огоҳӣ мекушод ва гузашта аз ин, ин автомашинаро баъдтар низ метавонистанд дар шаҳр бидуни истифода аз аслиҳа боздошт ва муҷозот намоянд.

Дар назди ҷамъомадагон мақомоти раҳбарии ВМКБ ва роҳбари намояндагии Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон Ёдгор Файзов суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои ба субот овардани вазъ дар Бадахшон корҳои зиёде ба сомон расиданд.

Ба гуфтаи Файзов, ҷараёни марҳила ба марҳила хориҷ кардани нерӯҳои низомии ҳукумат оғоз гардида, вале то анҷоми он муҳлати муайяне зарур аст. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки ин ҳодисаи фоҷеабор ба ҷараёни танзим вазъ халал ворид насохта, мутобиқи қонунгузории мавҷуда мавриди тафтиш қарор мегирад.

Пас аз гирдиҳамойӣ боз миёни намояндагони тазоҳургарон ва ҳукуматдорони ВМКБ гуфтушунид сурат гирифта, пас аз анҷоми он намояндагони гирдиҳамомадагон изҳор карданд, ки ҳукумат дар муддати се рӯз хориҷ кардани низомиён ва барқарор намудани алоқаро ваъда кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти радиои «Озодӣ», ду тан аз гумонбаршудагон дар қатли генерал Абдулло Назаров – Оқил Айёмбеков, бародари Толиб Айёмбеков ва ронандаи ӯ Ҳамзаи Гулназар ба мақомот таслим шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.