Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии парлумон аввали моҳи сентябр доир мегардад

Date:


Президенти Тоҷикистон оид ба даъвати иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид, ки мувофиқи он иҷлосияи мазкур 5-уми сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти президенти Тоҷикистон оид ба таъин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоб номзадии Дилмурод Давлатов мавриди баррасӣ қарор дорад. Айни замон ӯ дар мансаби директори Агентӣ оид ба хариди давлатӣ, кор ва хизматгузориҳои назди ҳукумати ҶТ ифои вазифа менамояд.

Ёдрас мекунем, ки мақоми олии назорати молиявӣ дар Тоҷикистон тобистони соли гузашта таъсис ёфта буд.

Зимни пешниҳоди лоиҳаи қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоб» дар парлумон муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов изҳор карда буд, ки мақоми нави ҳокимияти давлатӣ назорати қисмати даромаду хароҷоти маблағҳои буҷети давлатӣ, воситаҳои ғайрибуҷетӣ ва сармоягузориҳои хориҷиро ба роҳ хоҳад монд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...