Иҷлосияи дуюми ғайринавбатии парлумон аввали моҳи сентябр доир мегардад

Президенти Тоҷикистон оид ба даъвати иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид, ки мувофиқи он иҷлосияи мазкур 5-уми сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум лоиҳаи Кодекси […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон оид ба даъвати иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид, ки мувофиқи он иҷлосияи мазкур 5-уми сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти президенти Тоҷикистон оид ба таъин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоб номзадии Дилмурод Давлатов мавриди баррасӣ қарор дорад. Айни замон ӯ дар мансаби директори Агентӣ оид ба хариди давлатӣ, кор ва хизматгузориҳои назди ҳукумати ҶТ ифои вазифа менамояд.

Ёдрас мекунем, ки мақоми олии назорати молиявӣ дар Тоҷикистон тобистони соли гузашта таъсис ёфта буд.

Зимни пешниҳоди лоиҳаи қонун «Дар бораи Палатаи ҳисоб» дар парлумон муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов изҳор карда буд, ки мақоми нави ҳокимияти давлатӣ назорати қисмати даромаду хароҷоти маблағҳои буҷети давлатӣ, воситаҳои ғайрибуҷетӣ ва сармоягузориҳои хориҷиро ба роҳ хоҳад монд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.