Назорати қатъии нархҳо дар бозорҳои пойтахт то охири моҳи Рамазон

Мақомоти шаҳрдории пойтахт то ахири моҳи Рамон нархҳо дар бозорҳои шаҳри Душанберо таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳад дод, зеро таҷриба гувоҳи он аст, ки ҳамасола дар арафаи Иди Рамазон қимати маҳсулоти ғизойӣ босуръат боло меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дирӯз аз ҷониби субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ ва соҳибкорони […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти шаҳрдории пойтахт то ахири моҳи Рамон нархҳо дар бозорҳои шаҳри Душанберо таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳад дод, зеро таҷриба гувоҳи он аст, ки ҳамасола дар арафаи Иди Рамазон қимати маҳсулоти ғизойӣ босуръат боло меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дирӯз аз ҷониби субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ ва соҳибкорони ватанӣ дар бозорҳои пойтахт 22 тонннаву 582 кило гӯшти гов, 4 тоннаву 389 кило гӯшти гӯсфанд, беш аз 156 ҳазор дона тухм, 270,4 тонна орд, аз он ҷумла орди навъи 1-ум 256,5 тонна ва орди навъи 2-юм 13,9 тонна ба фурӯш гузошта  шуд.

Дар мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, тибқи хисобу китоби коршиносон, орд ва гӯшти ба фурӯш гузошташуда комилан эҳтиёҷоти аҳолӣ ва меҳмонони пойтахтро қонеъ менамояд.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт, ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти говро 29, гӯшти говмешро 19, гӯшти гӯсфандро 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистонро то 110, 1 л. равғани растаниро то 8, як кг биринҷи ватаниро то 7, як кг шакарро то 5, 1 л. ширро то 3, як кг картошкаро то 2, як кг сабзиро то 2,2, як кг пиёзро то 1,1 ва 1 дона тухмро то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароранд.

Қарори мазкури раиси шаҳри Душанбе дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳамчун асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ сабт гардида, бо дархости ҳукуматдорони пойтахт назорати иҷрои он ба дӯши ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ, комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва чанде аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.