Хатлон: Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати соҳибкорони барқдузд

Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба шаш нафар соҳибкорон мутобиқи моддаи 253-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Расонидани зарари молу мулкӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси муассисаи «Шабакаҳои барқи Қӯрғонтеппа» Даврон Ҷалилов хабар дод, дар ҷараёни санҷиш дар ҳафт нонвойхонаву мағоза ва дигар иншоот далелҳои дуздидани барқ ва ҳамчунин пайвасти ғайриқонунии  худсаронаи ноқилҳо ба […]

Сайраҳмон Назриев


Прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа нисбат ба шаш нафар соҳибкорон мутобиқи моддаи 253-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Расонидани зарари молу мулкӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси муассисаи «Шабакаҳои барқи Қӯрғонтеппа» Даврон Ҷалилов хабар дод, дар ҷараёни санҷиш дар ҳафт нонвойхонаву мағоза ва дигар иншоот далелҳои дуздидани барқ ва ҳамчунин пайвасти ғайриқонунии  худсаронаи ноқилҳо ба шабакаҳои барқӣ ошкор шудаанд.

«Нисбат ба соҳибони қонуншикани иншооти мазкур ба маблағи умумии 45 ҳазор сомонӣ санад тартиб дода шуда, ба мақомоти прокуратураи шаҳр ирсол гардид, – гуфт вай. – Дар асоси ин мавод прокуратура нисбат ба шаш нафар соҳибкорон барои расонидани зарари амволӣ ба давлат парвандаи ҷиноӣ боз намуд».

Бино ба маълумоти муовини сардори муассисаи «Шабакаҳои барқии Қӯрғонтеппа» Шералӣ Ширинбеков, дар зарфи 7 моҳи соли равон ба истеъмолгарони муассиса ба маблағи умумии 8 млн. 704,3 ҳазор сомонӣ 92,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст. Дар ин давра аҳолӣ ба маблағи умумии 4,8 млн. сомонӣ дар ҳаҷми 50 млн. кВт/соат бо нерӯи барқ таъмин гардид.

Ҳаҷми пардохти маблағи истифодаи барқ дар 7 моҳи соли равон дар маҷмӯъ 82,1% ё худ 7 млн. 150 ҳазор сомониро ташкил дод, аз ин миқдор 3 млн. 831,1 ҳазор сомонӣ (80%) аз ҷониби аҳолӣ пардохт гардид.  

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.