Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо сарони кишварҳои Афғонистону Покистон дар Макка

Дар шаҳри Маккаи Мамлакати Арабистони Саудӣ нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ таҳти унвони «Ҳамбастагии исломӣ – ҳамраъйии исломӣ» доир гашт, ки дар он бо амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъси ҳайати баландпоя вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ иштирок намуд . Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сухаронӣ дар нишасти […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Маккаи Мамлакати Арабистони Саудӣ нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ таҳти унвони «Ҳамбастагии исломӣ – ҳамраъйии исломӣ» доир гашт, ки дар он бо амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раъси ҳайати баландпоя вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ иштирок намуд

.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сухаронӣ дар нишасти мазкур вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки Созмони Хамкории Исломӣ, мутаассифона, натавонист бо истифода аз нерую тавоноӣ ва нақши муассири худ, воситаву имкониятҳои давлатҳои кудратманди он садди роҳи низоъҳои шаҳрвандӣ дар Шимоли Африқо ва Ховари Миёна гардад.

Дар ин робита дипломати тоҷик иброз дошт, ки ҳолати кунунӣ зарурати ҳаётӣ ва таъхирнопазири таҳия ва татбиқи Стратегияи рушди ҷаҳони исломиро тақозо менамояд. «Бунёди муассисаҳои гуногуни зербиноӣ – инфрасохторӣ, қабл аз ҳама роҳҳои оҳан ва мошингарди байниминтақавӣ ва байналмилалӣ, хаттҳои бузурги интиқоли барқ, лулаҳои нафт, газ ва об, шабакаҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ба рушди кишварҳои исломӣ мусоидат намуда, ҳамкориашонро ба сатҳи сифатан нав хоҳад бардошт ва ҳамчунин нерӯи умумии иқтисодӣ ва нақши геоиқтисодӣ ва геополитикии ҷаҳони исломро боло хоҳад бурд», – гуфт Ҳ.Зарифӣ.

Дар фароварди сухан Ҳамрохон Зарифӣ аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар таркиби Дабирхонаи кулли Созмон барои омӯзиши имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузории давлатҳои аъзо, ташхиси самтҳо ва соҳаҳои афзалиятнок ва ояндадори иқтисоди миллии ҳар як кишвари мусулмонӣ, иҷрои мутолиоти аввалияи пружаҳои муҳими миллӣ ва минтакавӣ, ҳамчунин татбиқи онҳо, Маркази тадқиқотӣ ва ё Гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносон ва олимон таъсис дода шавад.

Ҳамчунин, дар ҳошияи нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои СҲИ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷихати баррасии масоили эҳтимоми муштарак бо сарони кишварҳои Афғонистону Покистон Ҳомид Карзай ва Осиф Зардорӣ ва вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Анвар Каркош мулоқоти дуҷониба анҷом дод. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.