Тақвияти кӯмаки КБСС ба аҳолии Бадахшон

Date:


Имрӯз муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев бо роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Ив Арнолдӣ ва ҳайати ҳамроҳони вай дидору гуфтугӯ намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагон ва вазорату идораҳои дахлдори мамлакат бо ин созмони бонуфуз ва мададрасони байналмилалӣ ва мусоидати парлумони кишвар барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари равобити байни кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Амиршо Миралиев аз фаъолиятҳои густурдаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мавқеи худро қариб дар тамоми минтақаҳои кишвари мо бо мақсади омӯзиши ҳолат ва вазъи зиндагии аҳолии ин минтақаҳо ва тартиби расонидани кӯмак ба сокинони минтақаҳои мазкур устувор намудааст.

Роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Ив Арнолдӣ низ аз сатҳи ҳамкориҳои кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, хотирнишон сохт, ки ҳанӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх тамоми имконоти мавҷуди равобит мавриди истифода қарор нагирифтаанд ва мо умедвор ҳастем, ки ин мулоқот саҳифаҳои ҳанӯз бознашуда дар китоби таърихи равобити моро боз хоҳад кард.     Ҷаноби Ив Арнолдӣ таъкид кард, ки ба ҳайси роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ аз тамоми имконот ва шароити мавҷудаи корӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард.    

Роҳбари намояндагии минтақавии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Осиёи Марказӣ илова намуд, ки баъди ором шудани вазъ дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон Кумитаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон корро дар минтақаҳои Ишкошим ва Хоруғ беш аз пеш таҳким мебахшанд.     

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...