ҲНИТ қатли оми мусалмонон дар Мянмарро маҳкум мекунад

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз изҳоротеро пахш намуд, ки дар он куштори оммавии мусалмонон дар Мянмар қотеъона маҳкум карда мешавад. Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз СММ даъват ба амал оварда мешавад, ки аз қатлу куштор ва таҷовузу шиканҷа дар Мянмар пешгирӣ шуда, ҳуқуқи ақаллиятҳои мусалмони бумии ин кишвар ҳифз ва аз ҳуввияти […]

Аваз Юлдошев


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз изҳоротеро пахш намуд, ки дар он куштори оммавии мусалмонон дар Мянмар қотеъона маҳкум карда мешавад.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз СММ даъват ба амал оварда мешавад, ки аз қатлу куштор ва таҷовузу шиканҷа дар Мянмар пешгирӣ шуда, ҳуқуқи ақаллиятҳои мусалмони бумии ин кишвар ҳифз ва аз ҳуввияти онҳо ҳамчун шаҳрванди ин кишвар дифоъ гардад.

«Дархост мекунем, ки бо роҳи фишор овардан ба ҳокимони диктотури Мянмар, онҳоро маҷбур ба риояи ҳуқуқи шаҳрвандию сиёсии мусалмонон намуда, ба идомаи ҷиноёти зидди башарии давлати Бирма хотима бахшида шавад», – зикр мегардад дар изҳорот.

Дар изҳорот гуфта мешавад, мувофиқи манбаъҳои расмӣ, аз 10-уми июни соли ҷорӣ то ин дам беш аз 20 ҳазор нафар дар Мянмар кушта шуда, беш аз 90 ҳазор мусулмон дар аксари ҳамлаҳои будоиён овора ва 17 қаряи мусулмоннишин сухта ва вайрон шудааст. Беш аз 5 ҳазор зан ва духтари мусалмон мавриди таҷовуз қарор гирифта, 30 ҳазор нафар нопадид гардидаанд. Даҳҳо масҷид ва ҳазорҳо нусхаи Қуръони карим ва дигар китобҳои арзишманду таърихӣ сӯзонда шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.