Вазорати мудофиа: Даъвати афсарону сарбозони эҳтиётӣ таҷрибаи маъмулист

Шурӯъ аз соли 2000-ум Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ афсарону сарбозони эҳтиётиро ба тамринҳои омӯзишиву методӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар даъват мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар даҳаи сеюми моҳи август чунин як тамрин дар ноҳияи Дарвози ВМКБ баргузор шуда, он ба ҳеҷ ваҷҳ ба амалиёти низомии […]

Аваз Юлдошев


Шурӯъ аз соли 2000-ум Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ афсарону сарбозони эҳтиётиро ба тамринҳои омӯзишиву методӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар даъват мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар даҳаи сеюми моҳи август чунин як тамрин дар ноҳияи Дарвози ВМКБ баргузор шуда, он ба ҳеҷ ваҷҳ ба амалиёти низомии нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ ҷиҳати халъи силоҳ аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша рабте надорад.

Ӯ таъкид кард, ки нимаи аввали соли равон дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон низ барои афсарону сарбозони эҳтиётӣ тамринҳо доир гардида буданд.

«Мувофиқи нақшаи Вазорати мудофиа, сар аз соли 2002 даъвати раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ба ин тамринҳо оғоз гардид», – зикр кард Ф.Маҳмадалиев.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа изҳор кард, ки намояндагони як қатор васоити ахбори умум бидуни фарқ гузоштан миёни масъалаи ҷалби афсарону сарбозони эҳтиётӣ ба тамринҳои омӯзишиву методӣ ва масъалаи сафарбаркунии умумӣ, дар ҷомеа вазъи ногувору ташвишовареро ба миён меоранд.

«Дар Тоҷикистон ба сафарбаркунии умумии афсарону сарбозони эҳтиётӣ ҳеҷ зарурате мавҷуд нест, зеро дар кишвар фахои сулҳу субот ҳукмфармо аст», – афзуд Ф.Маҳмадалиев. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.