Таваҷҷуҳи ИМА ба рушди фаъолияти МОИ дар Тоҷикистон

Ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти намояндагони ҳукумати ИМА бо мақомоти раҳбарии минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муовини директори Дафтари дипломатияи ҷамъиятии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии Департаменти давлатии ИМА Никол Чулик изҳор кард, ки ИМА ба рушди савдо ва транзит дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон манфиатдор аст. Никол Чулик иброз дошт, ки аз фаъолияти минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистон, […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти намояндагони ҳукумати ИМА бо мақомоти раҳбарии минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муовини директори Дафтари дипломатияи ҷамъиятии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии Департаменти давлатии ИМА Никол Чулик изҳор кард, ки ИМА ба рушди савдо ва транзит дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон манфиатдор аст.

Никол Чулик иброз дошт, ки аз фаъолияти минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистон, лоиҳаҳои мавриди татбиқ қарордошта дар онҳо, тадбирҳои беҳбуди идоракунӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба ин минтақаҳо ба хубӣ огаҳӣ дорад.

Дар навбати худ, роҳбари минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Анвар Яқубов зикр кард, ки дар қаламрави минтақа таъсиси маркази маърифтаӣ барои дастгирии тиҷорат дар назар аст ва ҷалби ширкатҳои амрикоӣ дар амалисозии ин лоиҳа мувофиқи мақсад аст.

Ӯ аз меҳмонон дархост намуд, ки ба ҷалби фаъолонаи кормандони ширкатҳои амрикоӣ баҳри иштирок дар барномаҳои сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва роҳандозии робитаҳо бо ташкилотҳои ихтиёрии ИМА дар кори дастгирии мураббиён барои тоҷирони ҷавон мусоидат кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.