Ҳалокати кӯдакон дар садамаҳои нақлиёт рӯзи иди Рамазон

Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт якшанбеи ҳафтаи гузашта, рӯзи таҷлили иди саиди Рамазон се нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, садамаи аввал дар кӯчаи Котовскиии пойтахт рух дода, ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» Зокир Сайфуллоеви 38-сола бародарон Искандар ва Алиҷон Ҳақназаровҳои 10-сола 7-сола ва ҳамчунин Садриддин Муҳаммади 9-соларо бо автомашинааш […]

ASIA-Plus


Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт якшанбеи ҳафтаи гузашта, рӯзи таҷлили иди саиди Рамазон се нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, садамаи аввал дар кӯчаи Котовскиии пойтахт рух дода, ронандаи автомашинаи тамғаи «Нексия» Зокир Сайфуллоеви 38-сола бародарон Искандар ва Алиҷон Ҳақназаровҳои 10-сола 7-сола ва ҳамчунин Садриддин Муҳаммади 9-соларо бо автомашинааш пахш кардааст. «Дар натиҷа ду нафар кӯдакон ба ҳалокат расида, ноболиғи 10-сола бо ҷароҳатҳои гуногун ба шифохона бистарӣ шуд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз дар қаламрави шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи 24-солаи автомашинаи тамғаи «Daewoo Leganza» Н.А. кӯдаки 8-сола Маҳмуд Нарзуллоевро бо автомашинааш пахш кардааст, ки дар натиҷа ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар шифохона фавтидааст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.