Мулоқоти дипломати тоҷик бо раиси Бонки миллии Покистон

Дар шаҳри Қарочии Покистон зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо раиси Бонки миллии ин кишвар Қамар Ҳусайн масоили рущди минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи бонкӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дипломати тоҷик изҳор доштааст, ки миёни кишварҳо баҳри рушди ҳамкориҳои мутақобила дар бахшҳои тиҷорату молия имконоти назаррасе мавҷуд […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Қарочии Покистон зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо раиси Бонки миллии ин кишвар Қамар Ҳусайн масоили рущди минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи бонкӣ миёни кишварҳо баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дипломати тоҷик изҳор доштааст, ки миёни кишварҳо баҳри рушди ҳамкориҳои мутақобила дар бахшҳои тиҷорату молия имконоти назаррасе мавҷуд аст. Ба андешаи Зубайдов, дар ин робита, Бонки миллии Покистон метавонад нақшаи дурнамои рушди ҳамкориҳои ҷавобгӯи манфиатҳо ҳар ду кишварро доро бошад.

Дар навбати худ, Қ.Ҳусайн таъкид доштааст, ки ифтитоҳи намояндагии Бонки миллии Покистон дар шаҳри Душанбе моҳи марти соли равон бо фонди оинномавии 50 млн. сомонӣ ба рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо такони ҷиддӣ бахшид.

Ба гуфтаи Қ.Ҳусайн, намояндагии Бонки миллии Покистон дар ҳамдастӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои манфиатдор сармоягузорӣ ба як қатор бахшҳои махсуси соҳибкорӣ дар ҷумҳуриро оғоз намудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.