Сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тошканд дар Суғд гирдиҳам меоянд

Рӯзҳои 25-26-уми августи соли равон  сафирони кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Тошканди Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  дар ҳайъати  41 нафар, бо ҳайъати ҳамроҳонашон ва ҳамсару фарзандон ба вилояти Суғд ташриф меоранд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ба ҳайъати меҳмонон  сафирони  фавқулодда  ва мухтори  давлатҳои ИМА, Қазоқистон, Қувайт, Арабистони Саудӣ, Покистон, Бангладеш, Булғористон  дар Ӯзбекистон, […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 25-26-уми августи соли равон  сафирони кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Тошканди Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  дар ҳайъати  41 нафар, бо ҳайъати ҳамроҳонашон ва ҳамсару фарзандон ба вилояти Суғд ташриф меоранд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, ба ҳайъати меҳмонон  сафирони  фавқулодда  ва мухтори  давлатҳои ИМА, Қазоқистон, Қувайт, Арабистони Саудӣ, Покистон, Бангладеш, Булғористон  дар Ӯзбекистон, сафирони  фавқулодда  ва мухтори  давлатҳои Гурҷистон, Лаҳистон,  Чехия, Куриё, Малайзия дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, кордорони  сафорати  Мамлакати Ҳошимии Ӯрдун,  кордори  сафорати Уммон  дар Ӯзбекистон шомиланд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи сафар  боздиди меҳмонон  аз корхонаи ресандагии «Олим-Текстайлз», корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ», «САТН», ҷамъияти саҳҳомии «Қолинҳои  Қайроққум», шиносоӣ  бо «Боғи миллии Ваҳдат», майдони Исмоили Сомонӣ, МД «Ҳавзи шиноварӣ», варзишгоҳи  «20-солагии Истиқлолият» ва КВДК «Кохи матбуот», минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» осорхонаи вилоятии таърихӣ – кишваршиносӣ, инчунин бозори  Панҷшанбе  дар шаҳри Хуҷанд  дар назар аст. Ҳайъати меҳмонон  дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Қайроққум истироҳат хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.