Иштироки намояндагони «Созандагони Ватан» дар кори ҳамоиши «Авруосиёи ҷавон»

Сиёсатмадорони ҷавони кишварҳои паҳнои Авруосиё дар кори ҳамоиши ҷавонони «Авруосиёи ҷавон», ки бо ташаббуси ҳизби сиёсии «Арманистони шукуфо» (Процветающая Армения) дар шаҳри Тсахкадзори ин кишвар созмон дода шудааст, ширкат меварзанд. Дар ҳамоиши мазкур Тоҷикистонро раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Адҳам Мирсаидов ва яке аз фаъолони ҳизб Абдулло Нуров намояндагӣ мекунанд. […]

Аваз Юлдошев


Сиёсатмадорони ҷавони кишварҳои паҳнои Авруосиё дар кори ҳамоиши ҷавонони «Авруосиёи ҷавон», ки бо ташаббуси ҳизби сиёсии «Арманистони шукуфо» (Процветающая Армения) дар шаҳри Тсахкадзори ин кишвар созмон дода шудааст, ширкат меварзанд.

Дар ҳамоиши мазкур Тоҷикистонро раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Адҳам Мирсаидов ва яке аз фаъолони ҳизб Абдулло Нуров намояндагӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» А.Мирсаидов аз шаҳри Тсахкадзор хабар дод, чанде қабл дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш намояндагони 17 кишвари паҳнои Авруосиё ҳузур доштаанд. «Роҳандозии ҳамкориҳо миёни созмону ҳаракатҳои ҷавонон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти насли наврас аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии баргузории ҳамоиш унвон мешавад», – гуфт ӯ.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 12 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.