Суғд: Осеби 7 нафар роҳгузарон аз садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 7 нафар осеб диданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд, садама рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон дар роҳи мшингарди Хуҷанд-Ғафуров ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Фарҳод Расулови 33-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, 7 нафар роҳгузаронро бо […]

Наргис Ҳамробоева


Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 7 нафар осеб диданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд, садама рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон дар роҳи мшингарди Хуҷанд-Ғафуров ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Фарҳод Расулови 33-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, 7 нафар роҳгузаронро бо автомашина пахш мекунад, ки миёни онҳо 2 нафар кӯдакон низ будаанд.

«Бар асари садама ҳамаи осебдидагон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд, вале баъдтар яке аз осебдидагон – Дилрабо Мақсудоваи 47-сола ҳалок шудааст», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ба сурати умум 8 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 6 нафар ҳалок ва 9 тан ҷароҳат бардоштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.