Кӯмаки USAID дар таъмини аҳолии деҳаи Пахтаободи ноҳияи Вахш бо оби нӯшокӣ

Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Сара Пенхюн  дар маросими ифтитоҳи ба истифода додани системаи нави обтаъминкунӣ дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш ширкат варзид. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ гардида дар доираи лоиҳаи “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон ” амалӣ гардидаст.Намояндагони […]

ASIA-Plus


Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Сара Пенхюн  дар маросими ифтитоҳи ба истифода додани системаи нави обтаъминкунӣ дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш ширкат варзид.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ гардида дар доираи лоиҳаи “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон ” амалӣ гардидаст.Намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва USAID, сокинони маҳалла ва гурӯҳи кории лоиҳаи номбаршуда дар маросими мазкур, ки дар он мактаббачагон бо намоишҳои худ  дар мавзӯи аҳамияти оби тозаи нӯшокӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт (гигиенӣ ва санитарӣ) баромад карданд, иштирок намуданд.

 “Дар давоми се соли охир, Ҳукумати ИМА тавассути USAID зиёда аз 1,7 миллион доллари амрикоиро дар сохтан ва барқарор намудани панҷову ҳафт (57) системаҳои обтаъминкуни ҷудо намудааст, ки онҳо  190,000 нафарро дар саросари Тоҷикистон бо оби  тозаи нӯшокӣ таъмин менамоянд.” – қайд намуд дар хонум Пенхюн суханронии хеш.

 Системаи нави обтаъминкунӣ дар деҳаи Пахтаобод, ки дар доираи лоиҳаи хурд барқарор шудааст, яке аз 29 лоиҳаҳои хурди обтаъминкунӣ буда, аз ҷониби лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ гардидааст. Лоиҳаи TSDWP ба беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ  ба оби тозаи нӯшокӣ тавассути барқарор намудан ва сохтани  инфрасохтори таъмини оби тозаи нӯшокӣ мусоидат намуд. Инчунин омӯзишҳо оид ба риоя намудани қоидаҳои беҳдошт ва тозагӣ дар якҷоягӣ бо дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ сатҳи  бемориҳои сироятии тавассути об гузарандаро коҳиш медиҳад.

 Айни замон, лоиҳаи номбаршуда панҷову се (53) маҳаллаи 9 ноҳияи зерини интихобгардидаро фаро мегирад : Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Файзобод, Бохтар, Сарбанд, Вахш, Хуросон ва Рӯдакӣ. То ба анҷом расидани ин лоиҳаи, моҳи сентябри соли 2012, USAID тасмим гирифтааст, ки 100,000 нафар соқинони манотиқи деҳотро дар қаламрави Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намояд,  сатҳи маълумотнокии 500,000 шаҳрвандро дар соҳаи  беҳдошт ва тандурустӣ  тавассути видеоклипҳо, сислислаи омӯзишҳо ва маводҳои таълимӣ,  баланд бардорад.

Лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасони мардуми Амрико мебошад, ки тавассути USAID ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳое,   ки институтҳои демократӣ, рушди соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва иқтисодро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд,  зиеда аз 984 миллион доллар ҷудо намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.