Мурофиаи додгоҳии аъзои «Ҷамоати Ансоруллоҳ»

Дар назди додгоҳ 15 нафар ба гумони узвият ба созмони ифротгарои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҷавоб мегӯянд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии Тоҷикистон хабар доданд, мурофиа пӯшида сурат гирифта, то содир шудани ҳукм аз ҷузъиёти он маълумот дода намешавад. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки аксари онҳо соли гузашта дар водии Рашт ҳангоми амалиёти махсус оид […]

Наргис Ҳамробоева


Дар назди додгоҳ 15 нафар ба гумони узвият ба созмони ифротгарои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ҷавоб мегӯянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии Тоҷикистон хабар доданд, мурофиа пӯшида сурат гирифта, то содир шудани ҳукм аз ҷузъиёти он маълумот дода намешавад. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки аксари онҳо соли гузашта дар водии Рашт ҳангоми амалиёти махсус оид ба нобуд сохтани гурӯҳи Мулло Абдулло боздошт шуда буданд.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» шуъбаи тоҷикистонии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон буда, аз ҷониби «Ал-Қоида» маблағгузорӣ мешавад.

Моҳи майи соли равон Кумитаи давлатии амнияти миллӣ изҳор дошта буд, ки аъзои ин гурӯҳ ба ҳодисаҳои Рашт дар моҳи сентябри соли 2010, содир намудани амали террористӣ дар назди бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи вилояти Суғд ва ҳамчунин кӯшишоти содир кардани як силсила амалҳои террористӣ дар шаҳри Душанбе даст доранд.

Ҳамчунин моҳи майи соли ҷорӣ Суди олии Тоҷикистон расман эълом дошт, ки фаъолияти гуруҳи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда мешавад. Зикр гардида буд, ин қарор бо мақсади ҳифзи сохти конститутсионӣ ва таъмини амнияти кишвар қабул шудааст. Ба Хадамоти алоқи кишвар супориш дода шуда буд, ки дастрасӣ ба ду веб-сомонаи созмон – www.irshod.net,

www.irshod.com

. –ро қатъ созад. Аммо сомонаи

www.irshod.com

бо забони тоҷикӣ то ҳанӯз дар қаламрави Тоҷикистон дастрас аст.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2006-2012 фаъолияти созмону гурӯҳҳои «Ал-Қоида», «Ҳизб-ут-Таҳрир», Ҳаракати Толибон, ҲИӮ, «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ғайра дар маҷмӯъ 12 гурӯҳ ҳамчун созмонҳои ифротгаро ва террористӣ мамнӯъ эълон шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.