Имсол ҷашни истиқлол бидуни гузашти низомӣ таҷлил мегардад

Имсол ҷашни навбатии солгарди итиқлоли Тоҷикистон бидуни гузашти низомӣ таҷлил мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, соли ҷорӣ гузашти маъмулии низомӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 21-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ бо иштироки ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа доир намегардад. Ба гуфтаи ӯ, дар тамоми қисмҳои низомии вазорат ба […]


Имсол ҷашни навбатии солгарди итиқлоли Тоҷикистон бидуни гузашти низомӣ таҷлил мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, соли ҷорӣ гузашти маъмулии низомӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 21-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ бо иштироки ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа доир намегардад.

Ба гуфтаи ӯ, дар тамоми қисмҳои низомии вазорат ба ин муносибат мусобиқоти варзишӣ, консерту викторина ва озмунҳо доир гардида, пешсафони хизмати ҳарбӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.

«Ғайр аз ин, вохӯрии афсарону сарбозони артиши миллӣ бо собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар назар аст», – зикр кард Маҳмадалиев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.