Мусодираи беш аз 10 кило маводи мухаддир аз ҷониби кормандони АНМН

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҷараёни гузаронидани амалиёти оперативӣ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро, ки аз ҷониби сокини маҳаллӣ идора мешуд, мавриди боздошт қарор доданд. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур иттилоъ доданд, длар ҷараёни санҷиш аз бордони автомашина зарфи фулодие пайдо карда […]


Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҷараёни гузаронидани амалиёти оперативӣ дар қаламрави шаҳри Кӯлоб автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс»-ро, ки аз ҷониби сокини маҳаллӣ идора мешуд, мавриди боздошт қарор доданд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур иттилоъ доданд, длар ҷараёни санҷиш аз бордони автомашина зарфи фулодие пайдо карда шуд, ки дар дохилаш моддаи хамирмонанди дорои бӯи махсус дошт.

Лабораторияи ташхиси судии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон муайян намуд, ки моддаи мусодирашуда навъи афюн буда, вазни он бештар аз 10 килоро ташкил кард.

Дар рафти тафтишот маълум гардид, ки ин миқдори махсусан калони афюн ба мусофири автомашинаи тамғаи «“Мерседес-Бенс», шаҳрванди 49-солаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон тааллуқ дорад. Мавсуф қаблан бо моддаи 200, қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 12 сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум шуда будааст. Баъди аз маҳбас ҷавоб шудан барои худаш хулосаи даркорӣ набароварда, амали хешро идома додааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва дастгиршуда ҳоло дар тавқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Бо мақсади ошкор ва дастгир намудани шахсони дигари ба ин амали ҷиноятӣ алоқаманд айни замон Агентӣ чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мегузаронад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.