Суғд: Оғози парвандаи ҷиноӣ оид ба лату кӯби шаҳрванд аз ҷониби кормандони прокуратура

Мақомоти прокуратураи вилояти Суғд аз рӯи далели лату кӯби писари муйчафеде, ки ба нишони эътироз ба рӯи судя кислота пошида буд, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Зиёваддин Ҷӯраеви 77-сола хабар дод, парванда барои аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳри Исфара расонидани зарари ҷисмонӣ ба писари Ҷӯраев оғоз гардидааст. «Айни замон […]


Мақомоти прокуратураи вилояти Суғд аз рӯи далели лату кӯби писари муйчафеде, ки ба нишони эътироз ба рӯи судя кислота пошида буд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Зиёваддин Ҷӯраеви 77-сола хабар дод, парванда барои аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳри Исфара расонидани зарари ҷисмонӣ ба писари Ҷӯраев оғоз гардидааст.

«Айни замон гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, фаъолияти судя Абдуҳамид Давронов санҷида мешавад. Дар шикоятҳои худ ба Агентии зиддифасод ва Прокуратураи генералӣ дар асоси далелҳои мавҷуда ман дархост кардам, ки барои тақаллубкорӣ дар маводҳои судӣ, сохтакории хидматӣ ва порагирӣ нисбати судя Давронов парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Дар як вақт ҳамчунин арзу шикоятҳои воридшуда дар бораи қонуншиканиҳои дағалона дар фаъолияти судяи мазкур аз ҷониби дигар шаҳрвандон низ мавриди санҷиш қарор гирифтанд», – мегӯяд Воҳидова.

Ба қавли ҳимоятгар, дарҳол пас аз ҳодисаи ба рӯи судя кислота пошидан Зиёваддин Ҷӯраев ва писари ӯ аз ҷониби намояндагони суд мавриди лату кӯби бераҳмона қарор гирифта, қабурғаҳояшон шикаста мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми июли соли равон сокини шаҳри Исфара Зиёваддин Ҷӯраеви 77-сола ба ҳуҷраи кории судя Абдуҳамид Давронов ворид шуда, ба нишони эътироз аз ҳукми содирнамудаи ӯ оид ба баҳси замин ба фоидаи ҷиянаш, ба рӯи суд кислота пошид, ки бар асари он 30%-и рӯи судя осеб дид. Ба андешаи коршиносон, бо ин амал марди пиронсол ба беадолатии низоми судии кишвар эътирози худро зоҳир намуд.

Пас аз табобату рухсатӣ аз бемористон судя Давронов бо хоҳиши худ аз мансаб ба истеъфо рафт. Ба вазифаи судяи шаҳри Исфара мутахассиси ҷавон аз ҳисоби судя-коромӯзони Шӯрои адлия Комилҷон Ғаниев таъин гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.