Дар Душанбе ҳашт майдони варзишӣ ба истифода дода мешавад

Date:


Дар остонаи таҷлили ҷашни навбатии солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе 8 майдони муосири варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад, ки масоҳати умумии он 10 ҳазор метри мураббаъ ва маблағи хароҷоташ беш аз 4  млн. сомониро ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, ин майдонҳо дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт баҳри истироҳату фароғат ва бо варзиш шуғл варзидани наврасон  пешбинӣ шудаанд.

«Дар асоси муқаррароти шаҳрдорӣ  то соли 2015 ҳар як шаҳраку маҳаллаҳо аз ҳисоби буҷети шаҳр бо майдончаҳои муосири  варзишию солимгардонӣ таъмин карда мешаванд», – гуфт вай.

Номбурда изҳор кард, ки ба муносибати таҷлили ҷашни истиқлол ҳамчунин мавриди истифода қарор гирифтани ҳудуди 32 ҳазор метри мураббаъ манзил, анҷоми таъмири 13,4 ҳазор километр роҳҳо, 11,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои маъмурӣ ба маблағи умумии 183,7 млн. сомонӣ дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...