Имсол дар Тоҷикистон мавсими ғунучини ҳосили пахта каме дертар шурӯъ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар робита ба боронҳои пайдарпайи баҳори соли равон ҷамъоварии ҳосили пахта қариб як моҳ дертар оғоз гардид.
Ба иттилои манбаъ, пахтакорони вилояти Хатлон ахири моҳи август ба ғунучини ҳосили пахта шурӯъ карда, беш аз 50 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.
Ҳафтаи гузашта кишоварзони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ низ ба ҷамъоварии ҳосили пунбадона оғоз карда, то имрӯз дар вилояти Суғд зиёда аз 5 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.
Чанд рӯз қабл дар ду ноҳияи тобеи марказ – Ҳисор ва Шаҳринав низ ғунучини ҳосили пахта оғоз гардида, то имрӯз дар навоҳии тобеи марказ ҳудуди 900 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст. Соли гузашта пунбадона дар майдони 203 ҳазор гектар кишт шуда, 403 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардида буд.


