Барои таҷҳизоти телевизиони форсизабонон пардохти боҷи гумрукӣ зарур аст

Date:


Сардори хадамоти матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Умариён дар робита ба масъалаи воридоти таҷҳизот барои шабакаи телевизионии форсизабонон, ки аз Эрон оварда шудааст, изҳор кард, ки он дар анбори терминали гумруки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ба қавли ӯ, то ҳанӯз ба Хадамоти гумрук асноди зарурӣ барои пардохти боҷи гумрукӣ ба ин таҷҳизот пешниҳод нашудаанд. «Агар таҷҳизот бевосита барои сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъин шуда бошад, он аз пардохти боҷи гумрукӣ озод аст, вале агар он аз ҷониби сафорат истифода нагардад, пас пардохти боҷи гумрукӣ сарфи назар аз маблағи таҷҳизот ҳатмӣ аст», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки барои шабакаи телевизионии форсизабонон ба Душанбе ба маблағи 2 млн. евро таҷҳизот оварда шуда, вале он дар фурудгоҳ нигоҳ дошта шудааст, зеро Хадамоти гумрук пардохти боҷ дар ҳаҷми 400 ҳазор доллари ИМА-ро талаб дорад.

Дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯянд, дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ таҷҳизоти мазкур бояд аз пардохти боҷи гумрукӣ озод бошад. Дар сафорати Эрон ҳамчунин гуфтанд, қаблан як қисмати таҷҳизоти шабакаи телевизионӣ ба Душанбе интиқол дода шуда буд, вале он замон дар бораи пардохти боҷи гумрукӣ сухан намерафт. «Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҳалли мусбати масъаларо ба мо ваъда кард, вале агар ин мушкилот базудӣ ҳал нагардад, мо маҷбур мешавем, ки онро ба Эрон баргардонем. Ин таҷҳизоти муосири телевизионии истеҳсоли Олмон аст», – гуфтанд дар сафорат.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари департаменти иттилоотии ВКХ ҶТ Давлат Назриев дар робита ба ин масъала гуфт, «айни замон масъалаи бунёди заминаи ҳуқуқии ифтитоҳи шабакаи телевизионии форсизабонони се кишвар – Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон дар Душанбе мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, бо анҷоми он масъалаи пардохти боҷи гумрукӣ низ ҳал хоҳад шуд».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...