Камбуди шадиди гази моеъ дар Хуҷанд

Рӯзҳои ахир бар асари камбуди шадиди гази моеъ аксари нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз фаъолият бозмондаанд. Бино ба маълумоти мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов, чанде қабл  ширкати «Хуҷанднафтугаз» аз Қазоқистон 27 вагон гази моеъ ворид намуда, ин мушкилот ҳал мешавад. Ӯ хотиррасон намуд, ки айни замон 65-70%-и […]

Мавлуда Рафиева


Рӯзҳои ахир бар асари камбуди шадиди гази моеъ аксари нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз фаъолият бозмондаанд.

Бино ба маълумоти мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов, чанде қабл  ширкати «Хуҷанднафтугаз» аз Қазоқистон 27 вагон гази моеъ ворид намуда, ин мушкилот ҳал мешавад.

Ӯ хотиррасон намуд, ки айни замон 65-70%-и нақлиёти ҷамъиятӣ ба истифодаи гази моеъ гузаштаанд. Феълан дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории вилояти Суғд арзиши 1 литр гази моеъ ба 3,60-3,70 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта қимати он 3 сомонӣ ва якуним моҳ пештар 1 сомониву 80 дирамро ташкил медод.

Дар робита ба якбора ба андозаи хеле зиёд болоравии қимати гази моеъ номбурда гуфт, ин ба нархи муайянардаи кишварҳои содиркунандаи ин навъи маводи сӯзишворӣ вобаста аст.

Бино ба маълумоти Раёсати минтақавии хадамоти гумруки вилояти Суғд, дар зарфи 8 моҳи соли равон ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 49 ҳазору 825 тонна гази моеъ ворид гардидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 17 ҳазору 700 тоннаро ташкил медод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.