А.Антонов аз натоиҷи сафар ба Тоҷикистон қаноатманд аст

Дар мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов изҳор кардааст, ки ҳафтаҳои наздик Русияву Тоҷикистон ба таҳияи варианти ниҳоии лоиҳаи созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон муваффақ хоҳанд шуд. «Гуфтушунидҳо дар фазои созандаву дӯстона сурат гирифта, ҳар кадоме аз ҷонибҳо мавқеи худро доштанд, вале ба созиш майл […]

ASIA-Plus


Дар мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов изҳор кардааст, ки ҳафтаҳои наздик Русияву Тоҷикистон ба таҳияи варианти ниҳоии лоиҳаи созишнома дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон муваффақ хоҳанд шуд.

«Гуфтушунидҳо дар фазои созандаву дӯстона сурат гирифта, ҳар кадоме аз ҷонибҳо мавқеи худро доштанд, вале ба созиш майл намуданд», – гуфтааст вай.

Ба қавли Антонов, ӯ аз натоиҷи сафари дурӯза ба Тоҷикистон қаноатманд аст. «Дар вохӯрии моҳи август 10 масоили созишнома ҳалношуда боқӣ монда буданд, аммо акнун мо дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорем», – иброз доштааст Антонов.

Муовини вазири мудофиаи Русия гуфтааст, як гурӯҳи афсарони Вазорати мудофиаи Русия барои идомаи кори таҳияи матни ниҳоии созишнома дар Душанбе боқӣ мемонанд. «Дар ҷараёни гуфтушунид масоили ҳамкории низомӣ ва фаъолияти пойгоҳ пас аз соли 2014 ҳангоми пайдо шудани мушкилот баъди хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилоф аз Афғонистон баррасӣ шуданд», – гуфтааст генерали рус.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунид, ки аз намояндагони Вазорати мудофиа, Шӯрои амният, Дастгоҳи президент ва Вазорати корҳои хориҷӣ иборат буд, вазири адлия Рустам Менглиев сарварӣ кард.

Нимаи дуюми имрӯз Антонов ба Маскав баргашт. Гуфтушуниди Тоҷикистону Русия дар мавриди тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон пушти дарҳои пӯшида сурат гирифт. Манбаъҳои наздик ба гуфтушунид мегӯянд, ҷонибҳо варианти ниҳоии созишнома дар бораи ҳузури минбаъдаи пойгоҳро, ки пас аз гуфтушунидҳои чандинкарата омода гардид, баррасӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба як манбаъи наздик ба намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки Русия ният дорад, зимни сафари сарвари давлати Русия Владимир Путин ба Душанбе аввалҳои моҳи октябр шартномаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ҳал намояд. Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа Русия ба Тоҷикистон имзои шартнома ба муҳлати 10 солро пешниҳод хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.