Саидумар Ҳусайнӣ: Вақти вохӯрӣ бо интихобкунандагон номуносиб аст

Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ бар ин назар аст, ки вақти вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон номуносиб интихоб шудааст, зеро феълан аксари аҳолии деҳот ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, барои мулоқот бо вакилон фурсат надоранд. С.Ҳусайнӣ мегӯяд, вохӯрии вакилон бо интихобкунандагонро мебояд […]

Аваз Юлдошев


Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ бар ин назар аст, ки вақти вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон номуносиб интихоб шудааст, зеро феълан аксари аҳолии деҳот ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, барои мулоқот бо вакилон фурсат надоранд.

С.Ҳусайнӣ мегӯяд, вохӯрии вакилон бо интихобкунандагонро мебояд дар мавсими баҳор ё зимистон ташкил кард, чунки дар ин вақт аҳолӣ камкортар аст.

«Дар вохӯрӣ бо аҳолии ноҳияҳои Бохтару Вахш интихобкунандагон аз мушкилоте ҳарф заданд, ки ҳалли он ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста аст. Ин мушкилот таъминот бо оби нӯшокӣ, сохтмону таъмири кӯдакистон ва роҳҳои таъиноти маҳаллӣ, таъмини занону духтарон бо ҷойҳои кориро дар бар мегиранд», – гуфт ӯ.

Ба қавли вакил, интихобкунандагон аз он шикоят доранд, ки ҳамасола барои кӯдакони худ китобҳои дарсӣ мехаранд, вале пас аз як сол Вазорати маориф ин китобҳоро бекор карда, волидайнро маҷбур менамояд, ки китобҳои дарсии нашри навро харанд. «Ғайр аз ин, кишоварзон шикоят доранд, ки дар маҳалҳо ба хоҷагиҳои деҳқонии бузург муттаҳид шуданианд, вале ин ташаббус аз ҷониби мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дастгирӣ намешавад», – иброз дошт С.Ҳусайнӣ.

Номбурда таъкид кард, ки дархости аҳолии ин ноҳияҳо доир ба таъмини кӯдакон бо китобҳои дарсӣ ва муттаҳид гардидан ба хоҷагиҳои деҳқонии бузургтарро, ки ҳалли он дар сатҳи маҳаллӣ ғайриимкон аст, то ба сохторҳои дахлдори давлатӣ хоҳад расонид.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон санаи 11-уми сентябр оғоз гардида, то 20-уми ҳамин моҳ идома меёбанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.