Бегуноҳии раиси ширкати «Мовароуннаҳр» қисман эътироф шуд

Ҳайати мушовараи Суди олии ҶТ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ шикояти кассатсионии ҳимоятгарони раиси ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр», маҳкумшуда Ҷӯрабек Охуновро қисман қонеъ кард. Баррасии шикоят имрӯз доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгар Шуҳрат Қудратов иттилоъ дод, аз чор моддаи айбдорӣ бегуноҳии Охунов дар як моддааш эътироф гардид. «Нисбати зерҳимояи ман гуноҳи содир намудани ҷиноят тибқи […]

Наргис Ҳамробоева


Ҳайати мушовараи Суди олии ҶТ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ шикояти кассатсионии ҳимоятгарони раиси ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр», маҳкумшуда Ҷӯрабек Охуновро қисман қонеъ кард. Баррасии шикоят имрӯз доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгар Шуҳрат Қудратов иттилоъ дод, аз чор моддаи айбдорӣ бегуноҳии Охунов дар як моддааш эътироф гардид. «Нисбати зерҳимояи ман гуноҳи содир намудани ҷиноят тибқи моддаи 253-и КҶ ҶТ (Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи  фиреб ё суистифодаи боварӣ) бекор гардида, муҳлати ҷазои ӯ ним сол кам карда шуд», – гуфт Қудратов.

Ба қавли ҳимоятгар, иншооти сохтмонаш нотамоми ширкат, ки бо ҳукми суд бояд ба фурӯш гузошта мешуданд, ҷиҳати идомаи сохтмон ва ба мизоҷон супурдани манзилҳо ба ширкат баргардонида шуданд. «Инҳо 8 манзили зисти баландошёна дар кӯчаҳои Маяковский, Ҷ.Расулов, Навбаҳор ва И.Сомонии пойтахт мебошанд», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон Суди олии Тоҷикистон раиси ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунови 53-соларо ба муддати 14 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Охунов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ҳамаи моддаҳои пешниҳодшуда – ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд, фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ, расонидани зарар ба амвол тавассути фиреб ё суистеъмол аз боварӣ ва камомад гунаҳкор дониста шуд. Аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазо мавриди афв қарор гирифта, муҳлати ҷазо аз замони боздошти Охунов – 9-уми ноябри соли 2010 ҳисоб мешавад.

Моҳи феврали соли равон вазъи рӯҳии раиси 53-солаи ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабаек Охунов якбора хеле бад шуда, аввали моҳи март ӯ ҷиҳати табобат ба дармонгоҳи муолиҷаи бемориҳои рӯҳӣ бистарӣ гардида буд. Моҳи апрел комиссияи судии тиббии бемориҳои рӯҳӣ раиси ширкати «Мовароуннаҳр»-ро пурра солим эътироф карда, дар ин бора ба Суди олии Тоҷикистон хулосаи дахлдор ирсол намуд. Ҳамин тариқ, ахири моҳи апрел мурофиаи судӣ нисбат ба Охунов идома ёфт.

Ширкати «Мовароуннаҳр» аз соли 2005 ба сохтмони ипотекии манзили зист машғул аст, аммо аз аҳолӣ қисман ё пурра маблағи сохтмони манзили зистро ҷамъоварӣ намуда, на ҳамаро бо манзили зисти ваъдагӣ таъмин кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.