Барои таҷҳизоти телевизиони форсизабонон пардохти боҷи гумрукӣ зарур аст

Сардори хадамоти матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Умариён дар робита ба масъалаи воридоти таҷҳизот барои шабакаи телевизионии форсизабонон, ки аз Эрон оварда шудааст, изҳор кард, ки он дар анбори терминали гумруки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Ба қавли ӯ, то ҳанӯз ба Хадамоти гумрук асноди зарурӣ барои пардохти боҷи гумрукӣ ба ин таҷҳизот пешниҳод […]

Меҳранегез Турсунзода


Сардори хадамоти матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдураҳим Умариён дар робита ба масъалаи воридоти таҷҳизот барои шабакаи телевизионии форсизабонон, ки аз Эрон оварда шудааст, изҳор кард, ки он дар анбори терминали гумруки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Ба қавли ӯ, то ҳанӯз ба Хадамоти гумрук асноди зарурӣ барои пардохти боҷи гумрукӣ ба ин таҷҳизот пешниҳод нашудаанд. «Агар таҷҳизот бевосита барои сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъин шуда бошад, он аз пардохти боҷи гумрукӣ озод аст, вале агар он аз ҷониби сафорат истифода нагардад, пас пардохти боҷи гумрукӣ сарфи назар аз маблағи таҷҳизот ҳатмӣ аст», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки барои шабакаи телевизионии форсизабонон ба Душанбе ба маблағи 2 млн. евро таҷҳизот оварда шуда, вале он дар фурудгоҳ нигоҳ дошта шудааст, зеро Хадамоти гумрук пардохти боҷ дар ҳаҷми 400 ҳазор доллари ИМА-ро талаб дорад.

Дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯянд, дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ таҷҳизоти мазкур бояд аз пардохти боҷи гумрукӣ озод бошад. Дар сафорати Эрон ҳамчунин гуфтанд, қаблан як қисмати таҷҳизоти шабакаи телевизионӣ ба Душанбе интиқол дода шуда буд, вале он замон дар бораи пардохти боҷи гумрукӣ сухан намерафт. «Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ҳалли мусбати масъаларо ба мо ваъда кард, вале агар ин мушкилот базудӣ ҳал нагардад, мо маҷбур мешавем, ки онро ба Эрон баргардонем. Ин таҷҳизоти муосири телевизионии истеҳсоли Олмон аст», – гуфтанд дар сафорат.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари департаменти иттилоотии ВКХ ҶТ Давлат Назриев дар робита ба ин масъала гуфт, «айни замон масъалаи бунёди заминаи ҳуқуқии ифтитоҳи шабакаи телевизионии форсизабонони се кишвар – Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон дар Душанбе мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, бо анҷоми он масъалаи пардохти боҷи гумрукӣ низ ҳал хоҳад шуд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.