Намояндаи доимии Тоҷикистон ба мудири кулли Шуъбаи СММ дар Вена эътимоднома супорид

Чанде қабл вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насрединов бо Мудири кулли Шӯъбаи СММ дар Вена, Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят Юрий Федотов ба мақсади супоридани эътимоднома баргузор гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғози сӯҳбат ҷаноби […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насрединов бо Мудири кулли Шӯъбаи СММ дар Вена, Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят Юрий Федотов ба мақсади супоридани эътимоднома баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғози сӯҳбат ҷаноби Юрий Федотов Намояндаи доимии Тоҷикистонро ба муносибати супоридани эътимодномаҳо табрик гуфта, дар фаъолияти ӯ муваффақият орзу намуд. Сипас ҳамсӯҳбатҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят мубодилаи афкор намуданд.

Аз нигоҳи Мудири иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят, Тоҷикистон шарики стратегӣ буда, ҳамкориҳо дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва истеъмоли он бояд давом дода шаванд.

Вобаста ба ин, Намояндаи доимӣ қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон чораҳои заруриро барои пешгирии интиқоли маводи мухаддир аз қаламрави ҷумҳурӣ дида истодааст. Ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарик дар соҳаи мустаҳкам намудани сарҳад ва пешгирии қочоқи маводи нашъаовар васеъ мегарданд.

Дар робита ба ин, изҳори умедворӣ карда шуд, ки татбиқи лоиҳа ва барномаҳои Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят дар Тоҷикистон ва минтақа ба натиҷаҳои назаррас оварда мерасонад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.