Беш аз 45 млн. $ кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар 8 моҳ

Дата:


Дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 45 млн. $ кӯмаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ 8,5 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 4 млн. доллари ИМА, 514,9 тонна равғани рустанӣ ба маблағи ҳудуди 800 ҳазор $, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии зиёда аз 19,3 млн. $,  сарулибос ва пойафзол ба маблағи 1,2 млн. $, кӯрпаву ҷойхоб, дастгоҳҳои барқиву таҷҳизоти компютерӣва ғайра ворид гардиданд.

Дар ин давра ба Тоҷикистон 35 кишвари ҷаҳон дасти ёрӣ дароз намуданд. Дар байни кишварҳо-донорон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 43,1%, Русия – 11,9%, Нидерланд – 6,1%,  Чин – 5,1, Миср – 4,7% рост меояд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное