Ҳалокати чор нафар дар садамаҳои нақлиёт

Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда рух доданд, се нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷони худро аз даст доданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чанде қабл зимни ҳаракат дар қаламрави хоҷагии деҳқонии «Ориён» ронандаи автомашинаи «УАЗ-469», сокини 41-солаи шаҳри Панҷакент Қаҳрамон Тӯронов Гулсара Рустамоваи 25-соларо бо мошин пахш мекунад, ки дар […]

Аваз Юлдошев


Бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда рух доданд, се нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷони худро аз даст доданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, чанде қабл зимни ҳаракат дар қаламрави хоҷагии деҳқонии «Ориён» ронандаи автомашинаи «УАЗ-469», сокини 41-солаи шаҳри Панҷакент Қаҳрамон Тӯронов Гулсара Рустамоваи 25-соларо бо мошин пахш мекунад, ки дар натиҷа зан бар асари ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи шанбе, 15-уми сентябр, зимни ҳаракат дар роҳи Конибодом-Ғафуров ронандаи автомашинаи «Дэу», сокини 22-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Хуршед Бобоев низ аз беэҳтиётӣ сокини 51-солаи ноҳияи мазкур Мазбут Аҳмедовро бо мошин пахш карда, боиси ҳалокати ахирӣ мегардад.

Худи ҳамон рӯз дар Ҳисор ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра», сокини 37-солаи ноҳияи Ҳисор Шоҳимардон Хоҷаев навраси 14-сола Фирдавс Илҳомзодаро бо мошин пахш намуда, дар натиҷа наврас ба ҳалокат расидааст.

Ғайр аз ин, бар асари ба ҳам бархӯрдани ду автомашина дар километри 122-юми роҳи мошингарди Кӯлоб-Душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», сокини 62 солаи пойтахт фавтид. Ронандаи автомашинаи дигарӣ осеб надидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.