Беш аз 45 млн. $ кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар 8 моҳ

Дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 45 млн. $ кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ 8,5 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 4 млн. доллари ИМА, 514,9 тонна равғани рустанӣ ба маблағи ҳудуди […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 45 млн. $ кӯмаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ 8,5 ҳазор тонна орд ба маблағи зиёда аз 4 млн. доллари ИМА, 514,9 тонна равғани рустанӣ ба маблағи ҳудуди 800 ҳазор $, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии зиёда аз 19,3 млн. $,  сарулибос ва пойафзол ба маблағи 1,2 млн. $, кӯрпаву ҷойхоб, дастгоҳҳои барқиву таҷҳизоти компютерӣва ғайра ворид гардиданд.

Дар ин давра ба Тоҷикистон 35 кишвари ҷаҳон дасти ёрӣ дароз намуданд. Дар байни кишварҳо-донорон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 43,1%, Русия – 11,9%, Нидерланд – 6,1%,  Чин – 5,1, Миср – 4,7% рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.