Дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 5 млрд. 867,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 1 млрд. 232 мл. $)-ро ташкил дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсат оид ба буҷети Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳаҷм ба 102%-и нақша баробар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра воридоти маблағ аз андоз беш аз 4 млрд. 594,8 млн. сомонӣ ё худ 104,9%-и нақшаро ташкил додаанд. Аз ҷумла, ҳаҷми ҷамъшудаи боҷи гумрукӣ ба 1 млрд. 732,5 млн. сомонӣ баробар шуда, аз нақша 1,1% бештар аст.
Ҳаҷми умумии маблағҳои воридшудаи ғайриандозӣ дар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ муодили зиёда аз 400 млн. сомонӣ ва маблағи бурсҳо – ҳудуди 95 млн. сомонӣ мебошанд.
Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати молия зикр карданд, ки нишондиҳандаҳои хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-августи соли равон аввали даҳаи сеюми ҳамин моҳ ба маълумоти ҳамагон пешниҳод мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ 4 млрд. 818,5 млн. сомониро ташкил дод.


