Ҷаласаи нахустини Шӯрои Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон

Ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе ҷаласаи нахустини Шӯрои Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар кори ҷаласа кормандони вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои бахши истихроҷи кишвар, аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Институти «Ҷомеаи кушод» Фонди мусоидат дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти […]

Пайрав Чоршанбиев


Ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе ҷаласаи нахустини Шӯрои Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар кори ҷаласа кормандони вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои бахши истихроҷи кишвар, аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Институти «Ҷомеаи кушод» Фонди мусоидат дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) ширкат варзиданд.

Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳулло Ҳакимов ба кори ҷаласа ҳусни ифтитоҳ бахшида, изҳор кард, ки ҷараёни ҷорисозии Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон иқдоми муҳимест, ки ба истифодаи пурсамари захираҳои ғании табиӣ баҳри рушди устувори иқтисод шароити мусоид фароҳам меоварад.

«Барои ноил гардидан ба мақсадҳои пешбинишуда фаъолияти ҳадафноки сохторҳои ҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ бо иштироки фаъолонаи созмонҳои байнулмилалӣ зарур аст», – таъкид кард ӯ.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои интихоб ва тасдиқи аъзои  Шӯро, таҳияи Нақшаи кори амалисозии Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ барои солҳои 2012-2014, омодасозии дархост барои гирифтани мақоми кишвари номзад ба Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ ва дигар масоили тадорукотӣ баррасӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки Шӯрои Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ дар Тоҷикистон дар асоси қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Ташаббуси шаффофияти бахшҳои истихроҷ», ки ахири моҳи августи соли равон қабул гардид, таъсис дода шуд. Ба ҳайати Шӯрои мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони бахшҳои истихроҷи кишвар шомиланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.