Ҳаҷми буҷети давлатӣ дар 8 моҳ – беш аз 1,2 млрд. $

Дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 5 млрд. 867,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 1 млрд. 232 мл. $)-ро ташкил дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсат оид ба буҷети Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳаҷм ба 102%-и нақша баробар аст. Ба иттилои манбаъ,  дар ин давра воридоти […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 5 млрд. 867,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 1 млрд. 232 мл. $)-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсат оид ба буҷети Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳаҷм ба 102%-и нақша баробар аст.

Ба иттилои манбаъ,  дар ин давра воридоти маблағ аз андоз беш аз 4 млрд. 594,8 млн. сомонӣ ё худ 104,9%-и нақшаро ташкил додаанд. Аз ҷумла, ҳаҷми ҷамъшудаи боҷи гумрукӣ ба 1 млрд. 732,5 млн. сомонӣ баробар шуда, аз нақша 1,1% бештар аст.

Ҳаҷми умумии маблағҳои воридшудаи ғайриандозӣ дар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ муодили зиёда аз 400 млн. сомонӣ ва маблағи бурсҳо – ҳудуди 95 млн. сомонӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати молия зикр карданд, ки нишондиҳандаҳои хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-августи соли равон аввали даҳаи сеюми ҳамин моҳ ба маълумоти ҳамагон пешниҳод мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ 4 млрд. 818,5 млн. сомониро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.