Зойиров: Ҳукуматдорон ба баргузории мизи гирд монеъа эҷод мекунанд

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор кард, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ба баргузории мизи гирд таҳти унвони «Зарурати ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи президент», ки аз ҷониби консорсиум созмон дода мешавад, монеъа эҷод мекунанд. Номбурда таъкид кард, ки […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор кард, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ба баргузории мизи гирд таҳти унвони «Зарурати ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи президент», ки аз ҷониби консорсиум созмон дода мешавад, монеъа эҷод мекунанд.

Номбурда таъкид кард, ки «сарфи назар аз монеъагузориҳо, мизи гирд баргузор хоҳад шуд».

Ба гуфтаи ӯ, баргузории ин мизи гирд ҳанӯз 13-уми сентябр дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ пешбинӣ шуда буд.

«Мо маблағи иҷораи бино ва дигар хароҷоти марбут ба чорабиниро ду ҳафта пеш, ахири моҳи август пардохта будем, лекин як рӯз қабл аз чорабинӣ ба мо гуфтанд, ки ин бино тобеи Вазорати корҳои хориҷӣ буда, дар ин рӯз вазорати мазкур доир намудани чорабиниҳои худро ба нақша гирифтааст. Мо баргузории мизи гирдро ба санаи дигар – 18-уми сентябр гузаронида, хостем онро дар меҳмонхонаи «Каён» доир созем, аммо чун як рӯз қабл ба онҷо омадем, аз маъмурияти меҳмонхона ба мо гуфтанд, ки хадамоти санитариву эпидемиологӣ меҳмонхонаро пурра бастааст», – иброз дошт вай.

Зойиров таъкид месозад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон дидаву дониста ба баргузории мизи гирд монеъ мешаванд. «Тасодуф якчанд маротиба рух намедиҳад», – мутмаин аст ӯ.

Ба қавли Зойиров, мизи гирди мазкур лоиҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ба он намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ даъват шудаанд.

«Ман аз ҳамаи даъватшудагон дархост мекунам, ки имрӯз соати 10:00 дар назди меҳмонхонаи «Каён» ҷамъ оянд. Агар маъмурияти меҳмонхона ба баргузории мизи гирд иҷозат надиҳад, мо онро дар ҷойи бетараф ё дафтари кории яке аз ҳизбҳо баргузор мекунем», – афзуд Р.Зойиров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?