Соли 2013 Тоҷикистон раёсати ТРАСЕКА-ро ба уҳда мегирад

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Мармӣ ва Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Эдуард Бирюковро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва барномаи ТРАСЕКА доир ба бунёди коридори нақлиётии Аврупо-Кавказ-Осиё баррасӣ шуд. […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Мармӣ ва Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Эдуард Бирюковро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва барномаи ТРАСЕКА доир ба бунёди коридори нақлиётии Аврупо-Кавказ-Осиё баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси нави Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилиро доир ба муаррифии лоиҳаи “Шоҳроҳи намунавӣ” дар масири сараҳади Қирғизистон-Ҷиргатол-Рашт-Душанбе-Қурғонтеппа-Панҷи Поён-сарҳади Афғонистон мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон чанд таклифу пешниҳоди муфиди дигар ба миён гузошт. Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷи Поён” як Маркази муосири логистикаи автомобилӣ бунёд карда шавад. Ҳамчунин иштироки васеътари Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ ва Барномаи ТРАСЕКА дар бунёди роҳҳои нав ва навсозии роҳҳои мавҷудаи автомобилии Тоҷикистон бо пайвастани онҳо бо шабакаҳои нақлиётии дигар кишварҳои минтақа мувофиқи матлаб дониста шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба раисии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА дар соли 2013 ва ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба рушди нақлиёти автомобилӣ ва имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки раисии Тоҷикситон дар ТРАСЕКА ва ҳамоиши бузурги соли 2013 ба ҳаллу фасли мушкилоти зиёди ин минтақа, аз ҷумла бартарафсозии монеаҳои сунъӣ эҷодшаванда мусоидати фаъол хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.