Зойиров: Ҳукуматдорон ба баргузории мизи гирд монеъа эҷод мекунанд

Date:


Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор кард, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ба баргузории мизи гирд таҳти унвони «Зарурати ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи президент», ки аз ҷониби консорсиум созмон дода мешавад, монеъа эҷод мекунанд.

Номбурда таъкид кард, ки «сарфи назар аз монеъагузориҳо, мизи гирд баргузор хоҳад шуд».

Ба гуфтаи ӯ, баргузории ин мизи гирд ҳанӯз 13-уми сентябр дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ пешбинӣ шуда буд.

«Мо маблағи иҷораи бино ва дигар хароҷоти марбут ба чорабиниро ду ҳафта пеш, ахири моҳи август пардохта будем, лекин як рӯз қабл аз чорабинӣ ба мо гуфтанд, ки ин бино тобеи Вазорати корҳои хориҷӣ буда, дар ин рӯз вазорати мазкур доир намудани чорабиниҳои худро ба нақша гирифтааст. Мо баргузории мизи гирдро ба санаи дигар – 18-уми сентябр гузаронида, хостем онро дар меҳмонхонаи «Каён» доир созем, аммо чун як рӯз қабл ба онҷо омадем, аз маъмурияти меҳмонхона ба мо гуфтанд, ки хадамоти санитариву эпидемиологӣ меҳмонхонаро пурра бастааст», – иброз дошт вай.

Зойиров таъкид месозад, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон дидаву дониста ба баргузории мизи гирд монеъ мешаванд. «Тасодуф якчанд маротиба рух намедиҳад», – мутмаин аст ӯ.

Ба қавли Зойиров, мизи гирди мазкур лоиҳаи ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ба он намояндагони тамоми аҳзоби сиёсӣ даъват шудаанд.

«Ман аз ҳамаи даъватшудагон дархост мекунам, ки имрӯз соати 10:00 дар назди меҳмонхонаи «Каён» ҷамъ оянд. Агар маъмурияти меҳмонхона ба баргузории мизи гирд иҷозат надиҳад, мо онро дар ҷойи бетараф ё дафтари кории яке аз ҳизбҳо баргузор мекунем», – афзуд Р.Зойиров.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related