Аввалини зойирини Тоҷикистон субҳи 29-уми сентябр тавассути ҳавопаймо аз Душанбе ба шаҳри Ҷидда раҳсипор мегарданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, барои зоийрини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» дар маҷмӯъ аз Душанбе ба Ҷидда 23 ва аз Хуҷанд ба Ҷидда 9 парвози ҳавопаймоҳо анҷом дода мешаванд.
«Барномаи «Ҳаҷ-2012» пас аз бозгашти ҳамаи зойирин санаи 11 –уми ноябр пурра ба итмом хоҳад расид», – гуфтанд дар кумитаи мазкур.
Ба иттилои манбаъ, соли равон тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки зиёрати макони муқаддаси исломро ихтиёр кардаанд, бо сарулибос ва лавозимоти зарурии адои маросими ҳаҷ таъмин карда шудаанд. «Шиносномаву асноди дигарӣ зарурӣ рӯзи парвоз ба Ҷидда ба зойирин супурда хоҳад шуд», – афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ҷиҳати адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо намуд. Соли равон қимати зиёрати Хонаи Худо 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.



