Вазъи камбуди газ дар Суғд ба эътидол омад


Вазъи камбуди гази моеъ дар вилояти Суғд ба эътидол омад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов хабар дод, дар се рӯзи аввали ҳафтаи равон ба вилоят дар маҷмӯъ беш аз 450 тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

«Аз рӯзи 10-уми ҳамин моҳ дар қаламрави вилоят камбуди шадиди гази моеъ ба мушоҳида расида, дар ин рӯзҳо аз 230 адад нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамагӣ 50%-ашон фаъолият доштанд ва феълан аллакай 80%-и онҳо дубора ба фаъолият пардохтанд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, авали ҳафтаи ҷорӣ раиси вилояти Суғд ба мақомоти дахлдор ҷиҳати беҳбуди таъмини вилоят бо ин навъи сӯзишворӣ ва дастрас будани он ба аҳоливу соҳибони воситаҳои нақлиёт супориш додааст.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати минтақавии гумруки ҶТ дар вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар зарфи 8 моҳи соли равон ба қаламрави вилоят 49 ҳазору 825 тонна гази моеъ ворид гардидааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 700 тоннаро ташкил медод.

spot_imgspot_img

Популярное