Чкаловск: Боздошти як донишҷӯи Донишгоҳи металлургӣ бо маводи мухаддир

Date:


Дар шаҳри Чкаловск боз як донишҷӯи Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо маводи мухаддир дастгир шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни тафтишоти парвандаи ҷиноӣ нисбати чаҳор нафар донишҷӯёни ин донишгоҳ, ки дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи  200, қ.3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) айбдор карда мешаванд, маълум гардидааст, ки шоми рӯзи 19-уми сентябр донишҷӯи ин донишгоҳ Н.К. аз донишҷӯи соли дуюм Ф.Д.-и 19-сола дар ҳаҷми 870 грамм маводи мухаддири ҳашиш гирифтааст.

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Ф.Д. боздошт ва аз манзили зисти ӯ сумкаи варзишии дорои 996 грам маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ҳаҷми умумии маводи мухаддири мусодирашуда аз донишҷӯёни зикршуда, 1 килову 866 граммро ташкил медиҳад. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...