Агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон фаъолияти 10 корхонаи коркарди пахта дар вилоятро манъ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон Икромиддин Валиев хабар дод, бо дастури раиси вилоят дар 17 корхонаи коркарди пахта ва қабулгоҳҳои нахи пахта санҷиш гузаронида шуда, дар 11-тои онҳо риоя накардани талаботи давлатӣ ва қонунгузории кишвар ошкор гардидаанд.
«Ин корхонаву қбулгоҳҳо бидуни санҷиши сифати пахта, яъне сатҳи намнокиву равғаннокӣ онро қабул мекарданд, зеро барои санҷиши ин нишондиҳандаҳо таҷҳизот надоштанд, – мегӯяд Валиев. – Масалан, сокини ноҳияи Ҷомӣ Раҳматулло бидуни ҳеҷ иҷозатномае аз кишоварзон пахта қабул намуда, ҳатто дар мақомоти андоз сабтином нагардида ва ғайриқонунӣ ба ин фаъолият машғул буд. Дар ноҳияи Ҷиликӯл бо ин гуна фаъолият ҶСП «Сано» машғул буд, ки дар он барои қабул ва санҷиши пахта ҳеҷ шароите мавҷуд нест. Дар ин ҷо ҳатто тарозу вуҷуд надошта, пахтаро дар ҷои дигар бармекашиданд».
Ба гуфтаи Валиев, нисбати ҳамаи қонуншиканон санади маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи умумии ҷарима 13 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст.
«Ба 10 корхона дастур дода шуд, ки то бартараф кардани камбудиҳо умуан ба қабули пахта машғул набошанд ва дар сурати ба инобат нагирифтани нишондод, нисбати онҳо чораҳои қатъӣ андешида хоҳад шуд», – афзуд номбурда.


