Сафири Русия: Узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ба нафъи кишвар аст

Дар кори мизи гирд таҳти унвони «Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамгиройӣ» дар Душанбе сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов изҳор кард, ки ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ баҳри рушди иқтисоди ҷумҳурӣ манфиати зиёд дошта, муҳимтар аз ҳама ба беҳбуди некӯаҳволи аҳолии кишвар мусоидат мекунад. «Гарчанде узвияти Тоҷикистон танҳо баъди ҳамроҳшавии Қирғизистон ба он […]


Дар кори мизи гирд таҳти унвони «Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамгиройӣ» дар Душанбе сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов изҳор кард, ки ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ баҳри рушди иқтисоди ҷумҳурӣ манфиати зиёд дошта, муҳимтар аз ҳама ба беҳбуди некӯаҳволи аҳолии кишвар мусоидат мекунад.

«Гарчанде узвияти Тоҷикистон танҳо баъди ҳамроҳшавии Қирғизистон ба он имконпазир бошад ҳам, ба ҳар ҳол, имрӯз дар Тоҷикистон бобати ин масъала баҳсҳои гуногун сурат мегиранд, – гуфт дипломати русиягӣ. – Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки ҷумҳурӣ аз ин бурд мекунад, аммо андешаҳое ҳам мавҷуданд, ки аз оқибатҳои он изҳори нигаронӣ карда мешавад».

Ба андешаи Попов, кофӣ аст хотиррасон намуд, ки шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ бидуни қайд ба ҳузур дар қаламрави Русия ба муддати 30 шабонарӯз ҳуқуқ доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрвандони кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ танҳо муддати 7 рӯз метавонанд дар қаламрави Русия бидуни қайд ҳузур дошта бошанд.

«Барои садҳо ҳазор муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия ин масъала хеле муҳим аст», – таъкид кард сафири Русия ва қайд кард, ки «ин масъала барои Тоҷикистон хеле манфиатовар аст».

Сафири Русия хотиррасон намуд, ки аввали моҳи оянда президенти Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Номбурда афзуд, дар чаҳорчӯби ин сафар ҳамчунин баррасии масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.