Суғд: Маҳкумияти 5 нафар ҷавонон барои қатли ҳамдиёри худ

Имрӯз дар вилояти Суғд панҷ нафар ҷавонон барои куштор ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, суд эътироф намуд, ки ҳодисаи қатли сокини 27-солаи ҷамоати Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби гурӯҳи шахсон қаблан тарҳрезӣ гардида будааст, зеро ҳамдеҳагони ӯ, ки дар як қатор дуздиҳо даст доштаанд, […]

Мавлуда Рафиева


Имрӯз дар вилояти Суғд панҷ нафар ҷавонон барои куштор ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилоят хабар доданд, суд эътироф намуд, ки ҳодисаи қатли сокини 27-солаи ҷамоати Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби гурӯҳи шахсон қаблан тарҳрезӣ гардида будааст, зеро ҳамдеҳагони ӯ, ки дар як қатор дуздиҳо даст доштаанд, гумон бурдаанд, ки ӯ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ дошта, ба онҳо дар ин хусус маълумот медиҳад.

Имрӯз ба қотилон ҳукми сазовор содир гардид. Суди вилоятӣ сокини ҷамоати Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Далер Турсуновро дар одамкушӣ  (моддаи 104-и КҶ ҶТ) айбдор дониста, ба муҳлати 21 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум намуд.

Ҳаммаслакони дигарӣ ӯ – Акмал Абдусамадови 23-сола ва Манучеҳр Гадойбоеви 32-сола мутобиқи моддаҳои 36, қ. 5 ва 104, қ. 2 (Шарики ҷиноят, ташкилкунанда ва ёрдамчӣ ва Одамкушӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадоме 19-соли зиндон ҳукм гирифтанд.

Ҷаъфар Раҳматов низ тибқи ин моддахо айбдор дониста шуда ба муҳлати 19 сол равонаи зиндон гардид. Сокини 19-солаи Хуҷанд Азамат Лутфиев, ки низ дар ин ҷиноят иштирок дошт, мутобиқи моддаи 347, қ. 1-и КҶ ҶТ (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) гунаҳкор эътироф гардида, ба муҳлати ду соли маҳрумият аз озодӣ бо иҷрои ҷазо дар муассисаи реҷаи умумӣ маҳкум шуд.

Ба иттилои манбаъ, А.Абдурасулов шоми 26-уми май ҳангоми обббозӣ дар рӯдхонаи Сирдарё назди пули «Ҷашнӣ» дар шаҳри Хуҷанд кушта шуда буд. Он ҳангом ҳамдеҳаи ӯ Далер Турсунов ба соҳил назди ӯ омада, бидуни сабабе бо корд ба Абдурасулов дармеафтад ва ба ҷисми ҳамдеҳааш якчанд зарбаи корд мезанад, ки дар натиҷа Абдурасулов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.