Вакили Дума: Узвият ба СҶТ ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ИГ халал намерасонад

Дар кори мизи гирд таҳти унвони «Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамгиройӣ» дар Душанбе узви Кумитаи умури ИДМ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Русия Василий Лихачёв изҳор кард, ки қонунгузории Тоҷикистон ва дар навбати аввал Сарқонуни ҷумҳурӣ барои ҳамроҳшавии кишвар ба сохторҳои фазои пасошӯравӣ, аз ҷумла Иттиҳоди гумрукии Русияву Белорус ва […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар кори мизи гирд таҳти унвони «Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамгиройӣ» дар Душанбе узви Кумитаи умури ИДМ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Русия Василий Лихачёв изҳор кард, ки қонунгузории Тоҷикистон ва дар навбати аввал Сарқонуни ҷумҳурӣ барои ҳамроҳшавии кишвар ба сохторҳои фазои пасошӯравӣ, аз ҷумла Иттиҳоди гумрукии Русияву Белорус ва Қазоқистон шароити мусоид фароҳам овардааст.

Ӯ зикр кард, ки аксари далоили зикршуда алайҳи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ аз он иборатанд, ки ин иттиҳод баъзе таркибҳои фавқулмиллӣ дорад, вале ин набояд кишварҳои узви онро ба ҳарос орад, зеро онҳо истиқлоли худро аз даст надода, танҳо як қатор ваколатҳои худро ба иттиҳоди навтаъсис медиҳанд.

Ғайр аз ин, Лихачёв таъкид кард, ки мухолифони ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ кӯшиш доранд, ки миёни узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ва Иттиҳоди гумрукӣ зиддият пайдо кунанд. «Имрӯз Русияву Қирғизистон узви СҶТ мебошанд. Қирғизистон ба узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ наздик аст. Ба узвият пазируфтани Қазоқистон ба СҶТ дар арафаи анҷомёбист, яъне ҳеҷ зиддияте вуҷуд надорад. Баръакс, ин ба мақоми давлат тақвият мебахшад», – гуфт вакили Думаи давлатӣ.

В.Лихачёв ҳамчунин зикр кард, ки чанде аз мухолифони ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ба хотима бахшидан ба ин ҷараён даъват карда, баҳона пеш меоранд, ки дар ин раванд гӯё нияти Русия ба бунёди империяи нав ифода меёбад. «Афроди дорои чунин андеша ба мавҷудияти муътадили инсоният дар асри 21 халал мерасонанд», – иброз дошт вай.

Намояндаи Думаи давлатии Русия гуфт, ба афзалиятҳое, ки Тоҷикистон дар натиҷаи узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ соҳиб мешавад, мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. «Агар Тоҷикистон узви Иттиҳоди гумрукӣ гардад, ҷумҳурӣ ҳамасола танҳо зимни вориди маҳсулоти нафтӣ ба ҳисоби миёна 350 млн. доллари ИМА-ро сарфа мекунад», – афзуд номбурда.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.