Манъи фаъолияти 10 корхонаи коркарди пахта дар Хатлон

Агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон фаъолияти 10 корхонаи коркарди пахта дар вилоятро манъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон Икромиддин Валиев хабар дод, бо дастури раиси вилоят дар 17 корхонаи коркарди пахта ва қабулгоҳҳои нахи пахта санҷиш гузаронида шуда, дар 11-тои онҳо риоя накардани талаботи давлатӣ ва қонунгузории кишвар ошкор […]

Сайраҳмон Назриев


Агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон фаъолияти 10 корхонаи коркарди пахта дар вилоятро манъ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори Агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон Икромиддин Валиев хабар дод, бо дастури раиси вилоят дар 17 корхонаи коркарди пахта ва қабулгоҳҳои нахи пахта санҷиш гузаронида шуда, дар 11-тои онҳо риоя накардани талаботи давлатӣ ва қонунгузории кишвар ошкор гардидаанд.

«Ин корхонаву қбулгоҳҳо бидуни санҷиши сифати пахта, яъне сатҳи намнокиву равғаннокӣ онро қабул мекарданд, зеро барои санҷиши ин нишондиҳандаҳо таҷҳизот надоштанд, – мегӯяд Валиев. – Масалан, сокини ноҳияи Ҷомӣ Раҳматулло бидуни ҳеҷ иҷозатномае аз кишоварзон пахта қабул намуда, ҳатто дар мақомоти андоз сабтином нагардида ва ғайриқонунӣ ба ин фаъолият машғул буд. Дар ноҳияи Ҷиликӯл бо ин гуна фаъолият ҶСП «Сано» машғул буд, ки дар он барои қабул ва санҷиши пахта ҳеҷ шароите мавҷуд нест. Дар ин ҷо ҳатто тарозу вуҷуд надошта, пахтаро дар ҷои дигар бармекашиданд».

Ба гуфтаи Валиев, нисбати ҳамаи қонуншиканон санади маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи умумии ҷарима 13 ҳазору 200 сомониро ташкил додааст.

«Ба 10 корхона дастур дода шуд, ки то бартараф кардани камбудиҳо умуан ба қабули пахта машғул набошанд ва дар сурати ба инобат нагирифтани нишондод, нисбати онҳо чораҳои қатъӣ андешида хоҳад шуд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.